zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода намудани он ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр корҳои тозакунӣ, баровардани партовҳо, шинонидани гулҳои ороишӣ, сафолакпӯш намудани шафати роҳҳо, чароғонкунии хонаҳои истиқоматӣ ва дигар корҳои созандагӣ бо маром ҷараён дорад.

Бо ин мақсад масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар маҳаллаҳои дохили шаҳр, дар шафати роҳи боло, назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар гӯшаву канори шаҳр корҳои тозакуниро ба роҳ монданд. Дар раванди корҳои тозакунӣ гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, дохили ҷӯйҳо аз хасу хошок ва дигар партовҳо тозаву озода гардонида шуда, барои батартиб даровардани шафати роҳ  шохбурии дарахтон гузаронида шуд. Ҳамчунин корҳои чароғонкунии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ҳамарӯза партовгоҳҳои ҳудуди шаҳрро аз партовҳо тоза менамоянд.

Масъулин дар ин раванд мунтазам корбарӣ намуда истодаанд.