zoofirma.ru

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30.10.2022 дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, даромадгоҳи шаҳр ва шафати роҳҳои протоколӣ ниҳолҳои навъи серени ҳиндӣ, липа, магнолӣ ва дигар навъҳои дарахтони ороишии қиматбаҳо бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода шинонида шуд.

Таъкид гардид, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ дар кишвар фаро расид.

Аз ин рӯ лозим аст, ки аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонем.