zoofirma.ru

Имрӯз, 04.11.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба 28-умин солгарди қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқ, собиқадорон, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ ба саҳна баровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин манзур намуд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро ба ин муносибат муборак бод намуд.

Зикр гардид, ки таҷрибаи қабули Конститутсия дар кишвари мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо Истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.

Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

Бисту ҳашт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.

Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид».

Дар интиҳо санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертиро манзури иштирокчиён намуданд.