zoofirma.ru

Мутобиқ ба нақшаи корӣ бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳр бо аҳолӣ вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни чорабинӣ зикр гардид, ки дар шароити кунунӣ муҳоҷират ба як ҷузъи таркибии ҳаёти иҷтимоии мардум табдил ёфтааст.

Яке аз омилҳои асосӣ, ки хоси муҳоҷират маҳсуб меёбад, хароҷоти ҷойгиршавӣ дар мулки бегона мебошад. Аз муоинаи тиббӣ гузаштан, сари вақт дар қайди зист сабт намудан, супоридани имтиҳон аз забон ва таърихи ин кишвар, соҳиби патент будан ва дигар омилҳо боиси берун шудани шаҳрвандон аз Русия мегарданд. Ҷиҳати ба як маҷрои бонизом ворид сохтани мушкилоту монеаҳои мавҷуда масъулини бахш ибрози назар карда, ба пурсишҳои намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа посуху дастурҳо доданд.

Дар интиҳо масъулин таваҷҷуҳи ҳузурдоштагони вохӯриро ба таъмини корҳои мавсимӣ ва доимӣ, ки бо ҳидояти Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мавриди амал қарор додааст, ҷалб намуданд. Бошандагони маркази шаҳр ва шаҳракҳо оид ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ метавонанд тавассути телефони (83443) 2-35-49 муроҷиат намоянд.