zoofirma.ru

Дар остонаи таҷлили ҷашнҳои  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои кумаки авалияи санитарию тиббии шаҳри Гулистон 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии муҷаҳҳаз бо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ тақдим карда шуд.

Бо дастрас гардидани нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии мазкур шароити хизматрасонии тиббии саривақтӣ ба аҳолӣ дар маркази шаҳр беҳтар мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва кормандони муассисаҳои кумаки авалияи санитарию тиббии шаҳр минатдории самимии хешро барои дастгириҳои пайваста ба соҳаи тиб ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мерасонад.