zoofirma.ru

Дар қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳарки Адрасмони шаҳри Гулистон Ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонон баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардид.

Дар кори ҳамоиш мудири бахши окр бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳат Баротзода ва собиқадори меҳнат Туйчиқул Усмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш доир ба хидматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда шуд.

Дар қисми адабии ҳамоиш санъаткорони ҷамоати шаҳрак бо сурудҳои рӯҳнавоз хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.