zoofirma.ru

Рушди инкишофи соҳаи тандурустӣ ва дар ин замина беҳдошт бахшидан ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати густариши соҳаи тандурустӣ ва беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизмати тиббӣ бо таҷҳизоти муосир эътибори хоса медиҳад. Дар доираи Барномаи «Соли фарди солим» дар Маркази ташхисӣ ва табобатии ба номи Закариёи Розӣ чорабинӣ доир гардид. Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар назди кормандони соҳаи тандурустӣ баромад карда, изҳор дошт, ки перомуни Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 мо вазифадорем, ки он амалӣ гардад ва марҳилаи рушди устувор ба пешрафту таҳкими соҳаи тандурустӣ бояд мусоидат намояд ва масъулони соҳаро ба татбиқи саривақтӣ ва босифати барнома ҳидоят кард.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба сардухтурони Марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, ки аз ҷониби соҳибкор, сарвари «Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова» Турсуной Зокирова дастрас гардидааст ба таври ройгон тақдим карда шуд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ва сардори Раёсати тандурустии вилоят Салом Ваҳобов барои чунин ёрии беғаразона дар густариши соҳаи тиб ба Турсуной Зокирова изҳори сипосмандӣ намуданд.