zoofirma.ru

Санаи 29.11.2022 бахшида ба 16 рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занону духтарон дар ҷамоати шаҳраки Алрасмон семинар-машварат бо иштироки  сокинон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар семинар мутахассиси пешбари бахши кор бо занони МИҲД-и шаҳр Мадина Каримова ва сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Матлуба Сатторова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо қарори СММ ҳамасола аз санаи 25-уми ноябр то санаи 10-уми декабр 16-рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занону духтарон таҷлил карда мешавад. 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии асоси гендерӣ маъракаи солонаи байналмилалӣ мебошад, ки 25-уми ноябр Рӯзи байналмилалии барҳам додани хушунат нисбат ба занон оғоз ёфта, то 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон идома меёбад.

Ин маърака аз ҷониби фаъолони нахустин Институти пешвои ҷаҳонии занон дар соли 1991 таъсис ёфтааст ва ҳамасола аз ҷониби Маркази пешвоёни ҷаҳонии занон ҳамоҳанг карда мешавад. Он ҳамчун як стратегияи ташкилӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ташкилотҳо дар саросари ҷаҳон барои пешгирӣ ва бартараф кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон истифода мешавад.

Ҳадафҳои асосии маъракаи 16 рӯзи зидди хушунат ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба ду масъалаи мубрам: пешгирӣ ва муқовимат бо хушунати хонаводагӣ ва хариду фурӯши одамон, инчунин баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти муттаҳид сохтани кӯшишҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошанд.

Сипас, бо сокинон суҳбати озод гузаронида шуд.