zoofirma.ru

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 05.12.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии маъюбон якчанд нафар шахсони дорои имконияташон маҳдудро аёдат намуд.

Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон бо қарори Раиси шаҳр якчанд нафар шахсони дорои имконияти маҳдуд бо кумаки яквақтинаи молиявӣ расонида шуд.

Дар арафаи иду ҷашнҳо аёдати табақаи ниёзманди ҷомеа ба анъанаи нек мубаддал гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар остонаи таҷлили ҳамаи иду ҷашнҳо мунтазам ба қишри ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ мерасонад.