zoofirma.ru

Бо ҳадафи дарёфти хонандагони боистеъдод ва омодасозии онҳо ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ моҳи феврал дар шаҳри Хуҷанд олимпиадаи вилоятӣ доир гардид. Баъди ҷамъбасти натиҷаи дониши иштирокдорон муайян гардид, ки хонандаи синфи 10 “а”, МТМУ-и №1 Носирҷон Толибоев аз фанни забони русӣ ҷойи якумро мушаррафёб гардидааст.

Рӯзҳои 13-14-уми феврал бошад олимпиадаи фаннии хатмкунандагон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Хонандагони МТМУ-и №1 Лайло Ҳомидова (синфи 11 “а”) ва Дилором Роҳатқулова (синфи 11 “б”) ду ҷойи ифтихорӣ, яъне мақоми аввалро аз фанни забони русӣ ба даст оварда шарафи мактаб ва шаҳри азизамон Қайроққумро ҳимоя карданд.

-Барои мо ифтихор аст, ки танҳо соли равон 3 нафар хонандаи мактаб дар олимпиадаи вилоятӣ пирӯзӣ ёфт ва 2 нафари онҳо ҳуқуқи иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявиро пайдо намуданд, - изҳори қаноатмандӣ намуд Сабоҳат Акбарова. - Дар байни 16 муассисаҳои таълимии шаҳр ин беҳтарин дастовард аст.

Дастоварди ғолибони олимпиадаи вилоятиро ба кулли омӯзгорону хонандагони МТМУ-и №1 ва кормандони соҳаи маорифи шаҳр муборакбод мегӯем. Барои Лайло Ҳамидова ва Дилором Роҳатқулова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барору пирӯзӣ хоҳонем.