zoofirma.ru

Имрӯз, 07.12.2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно ҳошимзода кормандони Раёсати молияи шаҳрро ба муносибати таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия муборакбод гуфт.

Зикр карда шуд, ки ҳамасола санаи 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия дар кишварамон таҷлил мегардад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва ташаккул ёфтааст.

Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шуд.

Дар солҳои охир таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти молияи кишвар ба таври густурда рушд намуда истодааст, ки дар ин миён шаҳри Гулистон истисно нест.

Сипас, якчанд нафар кормандони Раёсати молияи шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.