zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр бахшида 16-Рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр семинари машваратӣ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Шуҷоат Ҳасановна намояндаи Шӯрои машваратии ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, Моҳира Раҳимзода - намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Мадина Каримова – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Ҷамолиён Муслимахон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр иштирок доштанд.

Таъкид карда шуд, ки бо қарори СММ ҳамасола аз санаи 25-уми ноябр то санаи 10-уми декабр 16-рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занону духтарон таҷлил карда мешавад. 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии асоси гендерӣ маъракаи солонаи байналмилалӣ мебошад, ки 25-уми ноябр Рӯзи байналмилалии барҳам додани хушунат нисбат ба занон оғоз ёфта, то 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон идома меёбад.

Ин маърака аз ҷониби фаъолони нахустин Институти пешвои ҷаҳонии занон дар соли 1991 таъсис ёфтааст ва ҳамасола аз ҷониби Маркази пешвоёни ҷаҳонии занон ҳамоҳанг карда мешавад. Он ҳамчун як стратегияи ташкилӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ташкилотҳо дар саросари ҷаҳон барои пешгирӣ ва бартараф кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон истифода мешавад.

Ҳадафҳои асосии маъракаи 16 рӯзи зидди хушунат ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба ду масъалаи мубрам: пешгирӣ ва муқовимат бо хушунати хонаводагӣ ва хариду фурӯши одамон, инчунин баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти муттаҳид сохтани кӯшишҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошанд.

Дар семинар видеороликҳои гендерӣ дар мавзӯъи “Қувваи ман барои зӯроварӣ нест!” намоиш дода шуд.