zoofirma.ru

Имрӯз, 26.12.2022 дар тарабхонаи “Манижа” ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 барои 150 нафар кӯдакони ятими кул, нимятим ва  дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ дастархони идона ороста шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кӯдаконро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимома муборакбод намуда, дар ҷодаи таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ятимону маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Баргузории ҷамъомади имрӯза низ, дар пайгирии ин иқдомҳои ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардида истодааст.

Сипас, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Барои болидарӯҳии кӯдакон намоиши театрикунонидашудаи ҳунармандони навраси бахши фарҳанги шаҳр ва сурудҳои санъаткорони варзидаи шаҳр манзур карда шуд.