zoofirma.ru

Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони меҳнат ва шахсони дорои имконияташон маҳдудро аёдат намуд.

Нахуст Раиси шаҳр дар маркази шаҳр собиқадорони меҳнатро аёдат намуд. Сипас, дар Ҷамоати шаҳраки Консой Ёқуббек Сангинов собиқадори соҳаи фарҳанг, Ибодулло Абдуллоев ва Раззоқ Валиев собиқадорони соҳаи кӯҳканиро, ки ҳар се маъюби гурӯҳи дуюм мебошанд аёдат намуд.

Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.

Дар вақти суҳбат бо собиқадорон Раиси шаҳр таъкид намуд, ки меҳнати фидокоронаи пирони рӯзгор ҳамеша қадр шуда, фаъолияти бенуқсони онҳо мактаби бузург барои тарбияи насли ҷавон аст.