zoofirma.ru

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 28 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо камоли ифтихору эҳтиром кулли кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборакбод мегӯяд.

Мақомоти амнияти миллӣ яке аз ниҳодҳои муҳим ва калидии амнияти давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи ваколатҳои худ амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд.

Ҷоннисориву талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷодаи пуршараф аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад.

Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».

Тантанаи ғояҳои демократия, адолат ва ваҳдати ҷомеа аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги давраи Истиқлолият мебошад. Дар густариши ин равандҳо ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мақомоти амният мавқеи хосаро ишғол менамояд.

Кормандони мақомоти  амният дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад.

Дар баробари ин муқобили терроризми сиёсӣ ва экстремизми динӣ муборизаи беамон бурда, тавонистанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Итминони комил дорам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи Шумо, кормандони мақомоти амнияти миллӣ, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Дар ҳақиқат, кору пайкори софдилонаву поквиҷдононаи кормандони соҳа намунаи олии садоқатмандӣ ба халқу ватан гардида, ҳар як ҷавонмарди бонангу ор, ки қадри шарафу номус ва муқаддасоти миллиро медонад, орзуву омолаш корманди кумитаи амнияти миллӣ шудан аст.

Дар ростои ин рӯзи нек, бори дигар ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаро муборакбод намуда, дар рӯзгор ва кору фаъолиятатон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборак бод!