zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

Бо ҳамин мақсад санаи 27.12.2022, дар  Ҷамоати шаҳраки Адрасмон байни ҷавонон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи ватандӯсти ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022"  мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ  ташкил ва баргузор карда шуд.  Дар фарҷом ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва "Мактаби варзиши"-и шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим, ҳиссӣ баланди ватандӯстӣ ва рӯҳияи солимро дар байни наврасону ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун таъмин намоянд.