zoofirma.ru

Имрӯз, 28.12.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар минтақаи саноатии шаҳр аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи мурғпарварии “Мурғи аълосифат”-и ҶДММ “Ганҷи Сомон” ва корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Тилгат” боздид намуд.

Корхонаҳои нави саноатии мазкур, дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёд гардида истодаанд.

Зимни боздид Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайянгардида бунёд намудани корхонаҳои мазкур ба масъулин дастур дод.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша роҳандозӣ гардида, дар вақти муайяншуда ба анҷом расонида мешаванд.