zoofirma.ru

Имрӯз, 29.12.2022 Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо дастгирии шахсони саховатманд ба муносибати Соли нави мелодии 2023 якқатор барқароркунадагони сохти конститутсионӣ  Маҳмадсаид Каримов, Дилшод Бояков, Қудратулло Убайдов, Сайвалӣ Валиев, Баҳрулло Убайдов аёдат карда шуданд.

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аснои суҳбат зикр намуд, ки хизматҳои шоёни ашхоси ватандӯст ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва давлату ҳукумат доир ба ин қишри ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионӣ аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.