zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2023 ба кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр кумаки якдафъина иборат аз маводи маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳрро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод намуда, ба покизакорон, ки дар тозаву озода нигоҳ доштан ва сарсабз намудани шаҳр саҳми арзанда доранд изҳори сипос намуд.

Ба масъулини корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳр ҷиҳати минбаъд низ тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр таъкид карда шуд.

Кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр барои ин иқдоми шоиста дар симои роҳбарияти шаҳр ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.