zoofirma.ru

Имрӯз, 29.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сарбозону афсарони қисми ҳарбии 07746 воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистонро аёдат намуд.

Нахсут, Раиси шаҳр сарбозону афсарони қисми ҳарбиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 муборакбод намуда ба онҳо саодату комёбӣ ва хизмати содиқона ба Ватанро таманно намуд.

Таъкид карда шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ ва ба истиқболи Ҷашнҳои 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва  30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ин дастоварди бузурги миллиро таҷлил намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2023 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем. Дар ин радиф саҳми сарбозону афсарон дар нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар хеле назаррас мебошад.

Сипас, Раиси шаҳр аз вазъи будубошӣ сарбозон дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қисми ҳарбӣ барои сарбозону афсарон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Дар фарҷом баҳри болидахотирии сарбозону афсарон санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангиеро манзур намуданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.