zoofirma.ru

Имрўз, 30.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, ки дар пешрафту тараққии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳм гузоштаанд, аз ҷумла Санавбар Нуриллоева муовини Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр ва Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳрро аёдат намуда бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 муборакбод намуд.

Зимни суҳбат зикр карда шуд, ки таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом расида истодааст ва дар ин давра дар шаҳр корҳои зиёди ободониву бунёдкорӣ ба роҳ монда шуд.

Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ҳолпурсӣ ва иқдоми нек ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ ва амну осоиштагӣ дуои нек намуданд.