zoofirma.ru

Имрўз, 30.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони меҳнат аз ҷумла собиқадорони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доштаро аёдат намуд.

Зимни суҳбат зикр карда шуд, ки  Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирву ғамхорӣ намудан нисбати собиқадорони меҳнат ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тадбирҳои муассирро дар ин самт амалӣ намуда истодааст.

Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ҳолпурсӣ ва иқдоми нек ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ ва амну осоиштагӣ дуои нек намуданд.