zoofirma.ru

Санаи 07.01.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок доштанд.

Ҳамчунин, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирори шуъбаву бахшҳо,роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ намуд.

Доир ба натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти солона аз мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони  корхонаҳо пурсиш ба амал овард.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари гурӯҳи корӣ Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимиятт давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов доир ба фаъолтяти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатти шаҳр дар соли 2022 изҳори назар намуданд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баҳри фаъолияти пурсамару бонизом дар соли 2023 ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.