zoofirma.ru

Имрӯз, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 16 декабри соли 2022, таҳти №268 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ” ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории паради ҳарбӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи корӣ муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро оғоз намуда, масъалаҳои баррасишавандаро таъкид намуд.

Комиссари ҳарбии шаҳр подполковник Хайрулло Сатторзода доир ба иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 16 декабри соли 2022, таҳти №268 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ” гузориш дод.

Доир ба масъалаи мазкур ва ҳамзамон омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории паради ҳарбӣ Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз масъулин пурсиш ба амал овард.

Сипас, ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ” ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории паради ҳарбӣ дар шаҳр ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.