zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон имрӯз 25.01.2022  дар толори Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва хатмкунандагони муассисаи таълимии №3-и шаҳрак баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Амир Муҳаббатов раиси ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 23-юми декабри соли ҷорӣ ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.

Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ баррасӣ гардид. Тавре ки зикр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд”.

Дар воқеъ соли 2022 барои мо соли бобарор буд. Дар натиҷаи заҳмати содиқона корҳои созанагиву бунёдкорӣ мунтазам идома ёфта, нақшаҳои пешбинигардида самаранок истифода гардиданд.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Ҳамзамон, доир ба дигар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.

Масъулини ҷамоати шаҳрак дар фарҷом изҳор доштанд, ки баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида кӯшиш ба харҷ медиҳанд.