zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон имрӯз 01.02.2023 дар толори гимназияи №1-и маркази шаҳр бо волидайни хонандагони муассиса доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии падидаҳои номатлуб, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Сатторова Матлуба и.в. мудири бахши кор бо занон ва оила, Дилрабо Каримӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳр, намояндаи САҲШ-и шаҳр ва намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 23-юми декабри соли ҷорӣ ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.

Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ баррасӣ гардид. Тавре ки зикр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд”.

Ҳамчунин баромадкунандагон доир ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии падидаҳои номатлуб, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом волидайн барои баргузории чунин вохӯрии муҳим ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд.