zoofirma.ru

Модарон ва хоҳарони арҷманд!

Бонувони шуҳратёри шаҳр!

Ҳар сол, одатан ҷашни зебо ва руҳафзои 8 март – Рӯзи Модар аз фаро расидани фасли сабзаву гул ва эҳёи табиат муҷда мерасонад, ки ин бо сиришти неки модарон созгор ва ба ниҳоди поки онҳо ҳамҷавор аст. Соли ҳафтум аст, ки мо 8-уми мартро ба сифати Рӯзи модарон бо пешниҳоди Пешвои хирадманди миллат таҷлил менамоем. Бинобар ин, мо ҳамеша ин иди фархундаро бо дили гарму эҳсоси латиф истиқбол мегирем ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунем.

«Ҳаштуми март воқеан яке аз зеботарин ҷашнҳои сол мебошад. Ин рӯзро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм ва хушҳолӣ пешвоз мегирем, зеро он ҷашни хосаи занону модарони мо - тарбиятгарони наслҳои башарият, офарандагони нуру зебоӣ ва покизагӣ мебошад».

Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, дар арсаи ҷаҳон давлати демократӣ ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар таъкид сохт. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона шудааст, замина гузошт.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.

Рӯзи модар фалсафаи амиқи худро дорад, зеро бузургии рисолати модарро бори дигар таъкид ва хотирнишон месозад ва дар тафаккури инсон андешаро вобаста ба эҳтироми он шахсе, ки қудрати офаридгорӣ дорад, тақвият бахшида, водор менамояд, ки ин нерӯи худододро эҳтирому эҳтиёт намоем.

Соли равон Рӯзи Модар дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин рӯйдоди басо арзишманд ва ҷамъбасти як марҳилаи тақдирсози давлати соҳибистиқлол мебошад.

Модар идомабахши зиндагист. ӯ олиҳаест, ки ҷилои сайёра ва гармии хонавода аз меҳру муҳаббаташ сарчашма мегиранд. Донистани қимати Модар ва ҳурмату иззати Зан қарзи ҳар инсони худогоҳу бонанг аст.

Бигзор, Рӯзи модарон ба ҳар пиру барнои диёр, занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандиро насиб гардонад!

Бори дигар Рӯзи Модар, Соли фарди солим ва иди баҳор ба ҳар яки шумо ва аҳли хонадонатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

Ҳамеша хушбахту хуштолеъ бошед!