zoofirma.ru

Имрӯз, 02.02.2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 26-уми январи соли 2023 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2022 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 30 воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳо ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.

Дар оғоз Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2022 суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми соли 2022 ба маблағи 4 миллиарду 396,2 миллион сомонӣ (102,8%) маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда ба маблағи 120,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 18,2 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 88 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Дар давоми соли 2022 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 275,5 миллион сомонӣ (109,7%) маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 63,1 миллион сомонӣ буда, 71,1 миллион сомонӣ (112,7%) ба иҷро расонида шуд. Нақшаи андози иҷтимоӣ бо ҳаҷми 46,7 миллион сомонӣ (100,1%) иҷро гашт.

Дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 350,5 миллион сомонӣ сармоя, аз ҷумла 232,7 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 117,8 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 153,4 миллион сомонӣ сармоя (136,8%) дар соҳаи сохтмон истифода шуд. Корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи 145,9 миллион сомонӣ (134,9%) иҷро гардид. Иҷрои корҳои пудратӣ 639,8 миллион сомонӣ буда, 9,4 маротиба зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ 69,8 км км роҳҳо таъмир карда шуданд, ки 145,4 фоизи иҷрои нақша мебошад.

Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2589 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 168 сомонӣ зиёд мебошад.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 13158 адад ва шумораи шаҳрвандони машғули кор 11073 адад мебошад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 4 медал ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 7 медал гардиданд.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони шаҳр соҳиби 1 ҷойи аввал, 2 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар маҷмуъ дар соли равон ба аҳолӣ бо назардошти муассисаҳои иҷтимоӣ ба маблағи 938,7 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 127 иншооти варзишӣ фаъолият дорад. Дар ин давра беш аз 230 вохӯриҳо бо сокинону ҷавонон баргузор карда шуд. Варзишгарони шаҳр дар маҷмуъ соҳиби 1973 медал гардиданд.

Дар осоишгоҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 2636 меҳмони хориҷӣ ва 30546 истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмуъ беш аз 33182 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ 39,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба таъмини сокинон бо ҷойи корӣ, кумак ба ниёзмандон, норасоии мутахассисон, фаъолияти моҳипарварӣ дар шаҳр, вазъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳо, сатҳи ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳо, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон, вазъи соҳаи сайёҳӣ, корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.