zoofirma.ru

Имрӯз, 07.02.2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон муаррифии кадрҳои тозатаъин баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маросисми муаррифии кардҳои навтаъинро оғоз намуда, таъкид намуд, ки  дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои муовини якуми Раиси шаҳр ва муовини Раиси шаҳр кадрҳои нав таъин гардидаанд.

Сипас, Ғолибҷон Шарифзода мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд  кадрҳои тозатаъинро муаррифӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки бо пешниҳоди Раиси шаҳри Гулистон, Раиси вилояти Суғд ва дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода ва ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон таъин гардиданд.

Дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба кадрҳои навтаъин барору комёбиҳо орзу карда шуд.

Муовини якуми Раиси шаҳр ва муовини Раиси шаҳр сипоси хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, таъкид намуданд, ки барои Ватан содиқона хизмат менамоянд.