zoofirma.ru

Санаи 10.02.2023 дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи маорифва ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа даври шаҳрии озмуни тирандозии  "Бонувони шуҷои Ватан" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуд.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, мактаби мардонагӣ, мубориза барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати содиқонаву арзанда ба Ватан баргузор карда шуд.