zoofirma.ru

Санаи 03.03.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори МД "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Фаридуншош Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Карим Шариф котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аминҷон Шарифзода сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" ва Лоҳур Назришозода сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии "Соҳил" иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрии мазкур аз таърихи матбуоти тоҷик ёдоварӣ карда шуда, доир ба нақши матбуот дар ҳаёти рӯзмарраи ҷамъиятӣ ва дастовардҳои матбуоти тоҷик зикр карда шуд.

Ҳамзамон доир ба нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ ба иштирокдорон маълумот дода шуд.

Ҳамчунин, хонандагон ба рӯзноманигорон саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом хонандагон аз баргузории чунин вохӯйии судаманд изҳори сипос намуданд.