zoofirma.ru

Санаи 04.03.2023 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки бонувони фаъол ва собиқадорзанони шаҳрак баргузор карда шуд.

Дар чорабиниии идона и.в мудири  бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва раиси ҷамоати шаҳрак бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният гуфтанд.

Дар вазъи тантанавӣ бонувони фаъол ва собиқадорзанони шаҳрак бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Сипас, баҳри болидахотирии модарону бонувон санъаткорони ҷамоати шаҳрак барномаи ранги фарҳангиро манзури иштирокдорони чорабинӣ намуданд.