zoofirma.ru

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, фарорасии Рӯзи Модарро табрик намуд.

суҳбат бо собиқадорони меҳнат Малоҳат Пулотова ва Санавбар Нуруллоева Раиси вилоят иброз дошт, ки бузургдошти Рўзи Модар дар кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба занону модарон аст. Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии зан-модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат ситоиш ёфтааст.​

Раиси вилоят аз номи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадоронро таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои идона супорид.

Собиқадорони меҳнат барои ғамхориву дастгириҳои доимӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба ҳаёти собиқадорони меҳнат изҳори сипос намуданд.