zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 06.03.2023 ба муносибати Рӯзи Модар дар маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр"-ро табрику таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки Рўзи модар дар кишвар бо пешниҳод ва ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таъкид намуданд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар  КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр" бонувон фаъолияти пурсамар нишон дода, дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр нақши бориз доранд.

Дар фарҷом ба бонувон-корманони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр" туҳфаҳои идона ва маводи хӯрокаи ниёзи аввалия тақдим карда шуд.

Бонувон доир ба ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.