zoofirma.ru

14 март дар тарабхонаи "Яккасарой"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2023, №24/10-8 ва қарори Раиси  вилояти  Суғд  аз 24 феврали соли  2023, № 58 «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани Озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид.

Ҳадафи озмуни мазкур тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ  ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона маҳсуб меёбад.

Боиси хушнудист, ки кадбонуи беҳтарини шаҳри Гулистон Наргиза Бердиева аз рӯйи номминатсияи "Тайёр намудани хӯришҳои беҳтарин " мақоми аввалро ишғол намуда бо дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид.