zoofirma.ru

Дар толори шуъбаи маориф ҷиҳати фаҳмонидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» бо хонандагони синфҳои болоӣ доир шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ҳангоми суханронӣ таъкид дошт, ки дар шароити вазъи тағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ободии ояндаи Ватан, пешрафти бомароми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва қонунгузорӣ аз мақоми олии қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ ҳангоми қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маърифатҳои миллӣ, фарҳангӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, дар мадди аввал гузошта мешавад. Мақсади асосии тағйиру иловаҳо ҳифзи соҳибихтиёрии давлат дар замони муосир мебошад.

Доир ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мудири шуъбаи кор бо занони КИ шаҳрии ҲХДТ Саёҳат Бадалова андеша ронд.