zoofirma.ru

Гусели ботантанаи наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 04.04.2023 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ  ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №541  “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Ҳамчунин, моҳҳои апрел-майи соли 2023 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Сипас собиқадори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Бобоҷонов, модари даъватшаванда Зулфия Ҷолиева ва даъватшавандаи ихтиёрӣ Фатҳиддин Фатҳиев суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, ба наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Суғдро бомуваффақият хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар вазъи мутантан супорида шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ қисми расмии чорабинӣ ба охир расид.

Баъдан чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқонаро таманно намуданд.

Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.