zoofirma.ru

Ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни барои ҳар яки мо бузургу муқаддас, ки чанд сол боз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди шаҳрро сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунанд ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише падид меояд”.

Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои кӯҳандиёри мо зуҳур кардааст. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва руҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд.

Бузургдошти Наврӯз, умуман, бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла, ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад. Бахусус, дар арафаи Наврӯз дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи модар, мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.

Толеи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки баҳори биступанҷумини давлатдории мустақил ва ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милливу ҳамрайъии сокинони кишвар истиқбол менамоянд. Аз ин лиҳоз, мову шумо низ орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад.

Наврӯзи сабздоманро мо дар рӯзҳое таҷлил менамоем, ки аз истиқлоли Тоҷикистони азизи мо бисту панҷ сол сипарӣ мешавад.  Аз ин лиҳоз бори дигар ба ҳамаи шумо Наврӯзи айёми Истиқлолро хуҷастабод гуфта, бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осуда орзу менамоям.

Наврӯзи хуҷастапай муборак, ҳамватанони азиз!