06 Апрел 2023
Санаи 05.04.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз Ҷамотаи шаҳраки Адрасмон дидан намуд. Зимни боздид бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассиси кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳрак шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур тибқи нақшаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳу сифати балан ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои махсус дод.
Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз рафти таъмиру азнавсозии беморхонаи ҷамоати шаҳрак дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар муассисаи мазкур тибқи нақша ҷараён дошта, дар муҳлати муайян гардида ба истифода дода мешавад.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ супоришҳо дод.