07 Апрел 2023
7 апрели соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар муассисаи давлатии "Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ" баргузор гардид.
Нахуст, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода вохӯриро оғоз бахшида, ҳадафи онро ба донишҷӯён тавзеҳ дод.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - қишри созандаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатр корҳои назаррас ба сомон расонида шуда барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон, неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд.
Зеро Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрўз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад. Воқеан, қобили тазаккур аст, ки қариб 70 фисади аҳолии кишварамонро насли то 30 сола ташкил медиҳанд.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон теъдоди ҷавонон 17 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки он 34 фоизи аҳолиро дар бар мегирад. Дар маҷлиси шаҳрӣ 6 нафар ҷавонон вакил мебошанд, ки 25,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 41 нафар кору фаъолият менамоянд. Дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 32 нафар ҷавонон фаъолият дошта, 40 фоизро аз теъдоди умумӣ ташкил медиҳанд.
Дар шаҳр барои қадршиносӣ ва тарғиби донишандўзӣ Стипендияи Раиси шаҳр муқаррар карда шудааст, ки теъдоди он соли қаблӣ ба 35 адад расонида шуд, ки барои хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи озмун дода мешавад ва маблағи муқарраргардидаи он 1100 сомониро ташкил медиҳад.
Имрўз аз ҷониби давлат ва Ҳукумат бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомўзӣ ва фаъолияти пурсамари ҷавонон тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд.
Дар марҳилаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ мегарданд.
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷалби ҷавонони болаёқат ва маърифатнок ба ҳамаи соҳаҳо диққати ҷиддӣ дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ба мутахассисони ҷавон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Сипас, донишҷӯён саволу пешниҳодҳо манзур намуда посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин, изҳор доштанд, ки пас аз хатми бомуваффақонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр содиқона кору фаъолият мекунанд.
Донишҷӯёни дорои имконияти маҳдуд ва ятимон бо туҳфаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.