zoofirma.ru

Имрӯз, 15.04.2023 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти унвони “Душанбе тахти бахти тоҷикону Тоҷикистонӣ” чорабинии идона баргузор карда шуд.

Нахуст муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе – шаҳр ва пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон гардид.

Дар таърихи 16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ -  Иосиф Сталин (1924-1953), номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омадааст.

Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон дар ҳама соҳаҳо бо комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар тули ин муддат шаҳри Душанбе зебою дилоро шуд. Имрӯз бо табиати зебои худ дили ҳазорон шаҳрвандони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Бо ворид шудан ба шаҳри Душанбе ҳар шахс метавонад, исботи ин гуфтаҳоро пайдо кунад. Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.

Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов доир ба таърихи ташаккули шаҳри Душанбе ва рушду такомули он дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки шаҳри Душанбе имрӯзҳо яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад.

Эълон гардидани шаҳри Душанбе чун “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар соли 2021 боиси сарфарозии кулли тоҷикон аст.

Ҳамчунин, барои саҳми беандозаи шаҳри Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002-2003 дода шуд, ки ин барои кулли тоҷикон мояи ифтихору сарфарозист.

Рӯйдоди хотирмони дигар ин аст, ки  соли 2017  дар раддабандии (рейтингӣ) шаҳрҳои аз нигоҳи туризмӣ ояндадор шаҳри Душанбе мақоми аввалро касб кард. Ҳамчунин, пойтахти Тоҷикистон сабзтарин пойтахт дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Дар қисми фарҳангии чорабинии идона санъаткорони бахши фарҳанги  шаҳр барномаи рангини фарҳангиеро пешниҳоди иштирокчиён намуданд.