zoofirma.ru

Имрӯз, 15.04.2023 дар шаҳри Гулистон тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати тозаву озода намудани дохили шаҳр баргузор гардид.

Дар ҳашари умумишаҳрӣ  кормандони ташкилоту корхона, муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, коллеҷи тиббӣ  ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад.  Бо ин мақсад ҳашарчиён гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо, кӯчаву хиёбонҳо ва оромгоҳи шаҳрро аз ҳама гуна хасу хошок ва партовҳо тоза намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.

Баргузории ҳашарҳои умумишаҳрӣ ба намуди шаҳри саноативу сайёҳии Гулистон ҳусни дигаре зам менамояд.