zoofirma.ru

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар маркази шаҳр имрӯз 15 апрели соли 2023 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулотҳои гуногуни истеъмолӣ бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуд. Арзиши маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи дастрас барои фурӯш гузошта шуданд.

Маҳсулоти ниёзи аввал то 10-15 фоиз арзонтар нисбат ба нархи бозор фурӯхта шуд.

Аҳолии шаҳр ин иқдоми наҷибро дар моҳи шарифи Рамазон хуб пазируфта миннатдории худро иброз намуданд.