zoofirma.ru

16-уми март дар кӯдакистони “Офтобак”-и маркази шаҳр дар доираи чорабиниҳои идона ба ҷашни Наврӯзи байналмилал ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Калидчаи заррин” доир гардид. Мавзӯи озмун “Риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” буд.

Тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ тибқи шартҳои озмунӣ шеърхонӣ, гуфтори адабӣ, намоиши саҳнача ва эҷодкорӣ маҳорати хешро намоиш доданд. Дастаи “Суғдиён” нисбати дигар ҳарифони кӯдакистонҳои “Офтобак”, “Ситора” ва “Бобуна” хубу ҷолиб шартҳоро иҷро намуда, мақоми ифтихориро ноил гардид.