zoofirma.ru

Санаи 17.04.2023 дар Кохи фарҳангии Истиқлоли маркази шаҳр бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, № АП-318 тасдиқ гардидааст, ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукумати оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайриоддии башарият расман ворид гаштааст.

Ин иқдоми наҷиб имрӯз заминаи мусоид барои инкишоф ва рушди либоси миллӣ дар сатҳи кишвар гузошт.

Дар асоси Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои бонувону гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр дар вақти баргузории чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокчиён намуданд.

Дар фарҷом ғолибон  бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуда,ба даври вилоятии фестивал роҳхат гирифтанд.