zoofirma.ru

Дар асоси нишондодҳои ташкилӣ-методӣ Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулода барои соли 2023 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17 апрели соли 2023, №85 санаи 25 апрели соли ҷорӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Гулистон «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ вилояти Суғд подполковник Ҳамдамов Д. ва лейтинанти хурд Камолиддинов А, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Каримӣ Дилрабо, директорону омўзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, колеҷи тиббӣ, муассисаҳои томактабии шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳо ва хонандагони муассиса, фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ озмуни расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқулода, дарсҳои кушод дар синфҳои 2 ва 6 дар мавзуи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, расонидани ёрии аввалия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар байни хонандагони синфҳои 2 ва 6 доир ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода бо иштироки ташкил ва гузаронида шуд.

Сипас, бонги хатар бо воситаи баландгӯякҳои махсус эълон гардида, аз тарафи сардори звенаҳои алоқа хонандагон ва омўзгорон оиди хатари ба вуқуъ омада огоҳ карда шуданд.

Хонандагон дар аввал барои худро муҳофизат намудан ба таги миз даромада, сипас баъди 3-5 дақиқа мутташакилона ба ҷои бе хавф (майдончаи варзишӣ) баромаданд.

Гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо оид ба хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани омӯзгорону хонандагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, хомўш намудани сухтор, муҳофизат намудани гирду атрофи бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассиса ба пуррагӣ ба анҷом расониданд. Дар навбати худ, хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр дар якҷоягӣ бо гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, вазифаҳои худро низ дар амал нишон доданд.

Дар ҷамъбаст иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.