zoofirma.ru

Қарори навбатии Раиси шаҳри Қайроққум №2, аз 15-уми январи соли 2016 ба тасвиб расида буд. Тибқи он бо мусоидат ба қарори Раиси вилояти Суғд аз 16-уми декабри соли 2015, таҳти №546 “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи вилоятии “Соли 2016 - Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои Барнома тасдиқ гардидааст.

Шуъбаю бахш ва Ҷамоати шаҳракҳо дар ҳамкорӣ бо корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои қаламрави шаҳр дар арафаи омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилал ва сазовор истиқбол гирифтани бузургтарин ҷашни миллӣ биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии нақша-чорабинӣ тадбирҳои зиёдеро аз қабили гулу ниҳолшинонӣ, тоза намудани маҳалли зист аз партовҳо, вусъати корҳои рангу бори биноҳо ва амсоли инҳоро ба тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ менамоянд.