zoofirma.ru

1 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» шинос гардид.

Раиси вилоят ба нақбҳои ширкат ворид шуда, аз раванди истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатӣ боздид намуд.

Тавре маълумот дода шуд, «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ буда, дар се моҳи соли ҷорӣ 790,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Аз ҷумла дар ин давра 20,4 ҳазор тонна консентрати сурб ва 28,2 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол гардида, саҳми корхона дар маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистон 77,2 фоизро ташкил мекунад.

Раиси вилоят ҳамзамон бо масъулин мулоқот намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли маҳсулот, афзун намудани содироти маҳсулот, иҷрои уҳдадориҳои корхона дар ободонии маҳал, боз ҳам беҳтар намудани шароити кормандон ба роҳбарияти ширкат супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд