zoofirma.ru

1 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи Зарнисор — Бӯстон шинос гардид.

Роҳи мазкур бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мумфарш гардида истодааст ва дарозии он 38 км мебошад.

Аз тарафи роҳсозон корҳо қариб ба анҷом расонида шудааст.

Роҳи Зарнисор-Бӯстон солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, рафту омади сокинон бо мушкилӣ сурат мегирифт. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин роҳ мумфарш карда шуд.

Дар идома роҳбари вилоят дар шаҳраки Зарнисор ба хабаргирии ду нафар собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд