zoofirma.ru

Муҳтарам кормандони мақомоти Нозироти андози шаҳри Гулистон!

Бо эҳтиром шуморо бо иди касбиатон - Рӯзи кормандони мақомоти андоз табрику таҳният гуфта, бароятон офияту саодати рўзгор, комёбиву музаффариятҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати давлатӣ аз болои пардохти саривақтӣ ва андозҳо мебошад, ки дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми босазо дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самти муҳими фаъолияти Кумитаи андоз чунин таъкид намудаанд: «Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад».

Ба Шумо дар иҷрои рисолати пуршараф барору комёбӣ орзу менамоям ва итминон дорам, ки фаъолияти мақомоти андоз минбаъд низ ба хотири рушди устувори давлат саҳми арзишманд мегузорад.

Рӯзи кормандони мақомоти андоз муборак бошад!